Вазири пешини дифои Қазоқистонро аз сафи неруҳои мусаллаҳ ронданд
Сакен Жасузаков, вазири пешини мудофиаи Қазоқистон аз сафи неруҳои мусаллаҳ ронда шуд. Фармони ронда шудани вай рӯзи 7-уми август дар сомонаи президенти он кишвар нашр гардид. Дар фармон омадааст, ки вазири пешин дар робита ба таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Арис аз сафи неруҳои мусаллаҳ ронда шуд. Таркиш дар шаҳри Арис охири моҳи июн рух дод. Сакен Жасузаков "барои хунукназарӣ дар иҷрои уҳдадориҳо ва камбудиҳои ҷиддӣ дар таъмини бехатарӣ ва ҳифзи таслиҳот, ки боиси таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Арис гардид", ронда шудааст. Читать дальше...