Эътирози сокинон аз полоишгоҳи нави корхонаи тило дар Панҷакент
Оғози сохтмони боз як полоишгоҳи тилои "Зарафшон", корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, сокинони деҳаи Хумгарони Панҷакентро, ки дар наздикии он зиндагӣ мекунанд, ба ташвиш овардааст. Мардум мегӯянд, полоишгоҳ ба муҳити атроф таъсири бад дорад ва эҳтимол онҳоро аз замини кишту чарогоҳ маҳрум намояд. Мақомоти корхона гуфтанд, шикояти сокинон беасос аст. Дар деҳаи Хумгарон беш аз ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Сохтмони полоишгоҳ ҳафтае пеш дар мавзеи Сойи Ёрони Хумгарон шуруъ ва баъд аз даъвои сокинон муваққатан боздошта шудааст. Читать дальше...