Дар Тоҷикистон боз як ҷашн - "Тиргон", таҷлил мешавад
Сокинони Тоҷикистон аз соли ҷорӣ як ҷашни дигарро таҷлил хоҳанд кард. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар нишасти хабарии 10-уми феврал гуфт, қарор аст ҳамасола дар фасли "чиллаи тобистон ҷашни Тиргон ё даъвати борон баргузор карда шавад". Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, ин ҷашн ба манзури "ягонагии инсон ва табиат" таҷлил мешавад ва идомаи мантиқии ҷашнҳои "Меҳргон", "Сада" ва "Наврӯз" мебошад. "Дар фасли тобистон кишоварзон дар киштукор бо камбуди об рӯбарӯ ҳастанд ва даъвати борон ба хотири ҳалли ин мушкил аст",-афзуд вай. Читать дальше...