Ҳуқуқшиноси чинӣ баъди талаби истеъфои Сӣ Ҷинпин боздошт шуд
Ҳомиёни ҳуқуқи Чин мегӯянд, ҳуқуқшинос ва фаъоли маданӣ Сюй Чжиюн, ки истеъфои президенти ин кишвар Сӣ Ҷинпинро талаб карда буд, боздошт шудааст. Ба гуфтаи онҳо, боздошти фаъоли маданӣ гоми навбатии мақомоти Чин барои маҳдуд кардани озодии баён ва талоши назорати иттилоъ дар бораи паҳншавии коронавирус аст. Чжиюн, ки ташаббускои маъракаи иҷтимоии "Ҳаракати шаҳрвандони нав" аст, дар хонаи ҳамкасбаш - Ян Бин дар вилояти Гуанжоу дастгир шудааст. Ҳамсар ва писари соҳибхонаро низ барои "кумак кардан" дар пинҳоншавии Чжиюн боздошт кардаанд. Читать дальше...