Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA мавқеашро дар зинаи 121-ум нигаҳ дошт
Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсиони байналмилалии футбол, ки 20-уми феврал дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, мавқеашро дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 121-ум нигаҳ дошт. Дар феҳристи нави FIFA Белгия мисли пешин бо 1765 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1733 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 23-юмро соҳиб шудааст. Читать дальше...