Ҷеенбеков ба эътирозгарон гуфт, забони таҳдидро қабул надорад
Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 3-юми март ҷаласаи Шӯрои амнияти кишварашро бо иштироки раҳбарони як қатор ниҳодҳои давлатӣ баргузор ва масъалаҳои иқтисодиву амниятиро баррасӣ кард. Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, Ҷеенбеков ҳамчунин тазоҳуроти ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаровро шарҳ додааст. "Дирӯз кормандони пулис вазифаи худро пурра анҷом доданд. Онҳо аз ҳуқуқи шаҳрвандон ба зиндагии осоишта ҳимоят карда, тартиботро дар шаҳр таъмин намуданд. Ҳамчун раҳбари давлат мегӯям, ки оромӣ дар ҷомеа дар мадди авал меистад. Читать дальше...