Идомаи эътирозҳо дар Русия зидди Путин
Дар як қатор шаҳрҳои Русия зидди тағйироте ба Конститутсияи Русия тазоҳурот доранд, ки ба Владимир Путин имкон медиҳад, дубора президент интихоб шавад. Дар ҳамоиши эътирозии Красноярск ҳудуди 200 кас ҷамъ шуданд. Мақомот ба баргузории тазоҳурот дар маркази шаҳр иҷозат надоданд. Ба фаъолон гуфтанд, метавонанд дар назди гулгашти Космонавтов, дар хиёбони Терешкова тазоҳурот кунанд. Дар Екатеринбург 22 март зидди ба сифр баробар кардани давраҳои пешини президентии Владимир Путин ҳудуди 50 кас гирди ҳам ҷамъ омаданд. Читать дальше...