Раиси СБА: иқтисоди ҷаҳон дар марҳилаи рукуд аст
Раиси Сандуқи байналмилалии пул Кристалина Георгиева гуфт, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар пайи паҳншавии вируси корона шомили марҳилаи рукуд шудааст. Вай аз кишварҳои дунё даъват кард, ки бо рӯи даст гирифтани "барномаҳои бузург", аз варшикастагиву дефолт пешгирӣ кунанд. Георгиева дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишварҳои дар ҳоли рушд барои пушти сар кардани буҳрон ҳадди ақал ба 2,5 триллион доллар ниёз доранд. Ин буҳронро вируси корона ба бор овард. Айни ҳол вируси корона бештар аз 30 ҳазор касро дар саросари дунё куштааст. Читать дальше...