Узбекистону Русия дар Сирдарё нерӯгоҳи хурди обӣ месозанд
Ширкати "Узбекгидроэнерго" дар ҳамкорӣ бо Русия дар обанбори Сардобини вилояти Сирдарё ба сохтмони неругоҳи нав шуруъ кард. Ба иттилои ширкати "Узбекгидроэнерго", арзиши умумии тарҳ 21,3 миллион евроро ташкил медиҳад. Ширкати русии "Росэксимбонк" 19,2 млн евро медиҳад ва саҳми Узбекистон дар сохтони он 3,7 млн евро хоҳад буд. Ширкати русии "Мошинҳои пуриқтидор - ЗТЛ, ЛМЗ, Электросила, Энергомашэкспорт" ҳамчун иҷрогари ин тарҳ инхоб шудааст. Иқтидори умумии неругоҳи обӣ 10,7 МВт хоҳад буд. Неругоҳ аз ду чарха ё агрегат иборат мешавад... Читать дальше...