Шикояти беш аз 200 муҳоҷири тоҷик аз панҷ боздоштгоҳи Русия. ВИДЕО
Беш аз 200 муҳоҷири тоҷик, ки дар панҷ боздоштгоҳи муваққатии шаҳрҳои гуногуни Русия қарор доранд, талаб доранд, то онҳоро зудтар ба ватан баргардонанд. Бархе аз ин муҳоҷирон барои нақзи қонунҳои будубош боздошт шудаанд ва бархеи дигар маҳбусоне ҳастанд, ки мӯҳлати ҳабсашон ба охир расидааст. Бар асоси қонунҳои Русия онҳо бояд аз ин кишвар ихроҷ шаванд. Аммо бо сабаби баста будани роҳҳо аз ду то чор моҳ боз онҳо дар боздоштгоҳ ҳастанд. Ин муҳоҷирон бо ирсоли навор шароити боздоштгоҳро “даҳшатнок ва барои зиндагӣ ғайримумкин тасвир карданд”.