Як дипломати амрикоӣ, ки бо сафаре дар Сеул қарор дорад, рӯзи 8 июл овозаҳоро дар бораи ин ки ӯ эҳтимолан дар фикри мулоқот бо мақомоти Кореяи Шимолӣ аст, рад кард. Стефан Биган, муовини котиби давлатии ИМА, ки ба ҳайси фиристодаи Вашингтон дар умури Кореяи Шимолӣ хидмат мекунад, рӯзи 8 июл дар Сеул гуфт:
“Ман бархе навиштаҳои матбуотро дидам, ки гӯё дар ин сафар Кореяи Шимолӣ барои мулоқот бо ман омода нест. Ин аҷиб аст, чунки мо ба Кореяи Шимолӣ ҳеҷ дархосте дар бораи мулоқот надодем. Иҷоза бидиҳед... Читать дальше...