Коронавирус ба бахши маорифи Тоҷикистон соя афкандааст. ВИДЕО
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки буҳрони коронавирус система ё низоми маорифи Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Бо гузашти се ҳафта аз оғози соли нави таҳсил, мақомоти маориф мегӯянд, ҳузури донишомӯзон дар мактабҳо 96 дарсадро ташкил медиҳад. Таҳқиқи Радиои Озодӣ баёнгари он аст, ки бисёре аз волидон кӯдаконашонро ба мактаб рафтан намемонанд, чун аз эҳтимоли мубтало шудани фарзанди худ ба бемории СОVID-19 метарсанд. Чунин вазъ дар ду ҳафтаи аввали соли нави таҳсил дар вилояти Суғд мушоҳида шудааст. Читать дальше...