Додгоҳи Душанбе як мардро бо гуноҳи дастдарозӣ ба номуси ду ноболиғ ба ҳабси абад маҳкум кард
Додгоҳи шаҳри Душанбе як мардро бо гуноҳи дастдарозӣ ба номуси духтарандар ва писарандари ноболиғаш ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Додгоҳ рӯзи 15-уми сентябр дар изҳороти расмӣ гуфт, Турғунҷон Исановро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "таҷовуз ба номус" ва "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" – ба зиндон андохт. Ӯро дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш махсус нигоҳ медоранд. Феълан назари вакили мудофеъ ва ё наздикони Турғунҷон Исканов ба ин қазия маълум нест. Ҳамчунин рӯшан нест... Читать дальше...