Кай "шоҳона" ҳарф мезанем? Ё лаҳҷа – хатари бузург ба забон
Дар яке аз деҳаҳои ҷануби кишвар, 6-7 километр дур аз канори шоҳроҳи бузург, ҳарчанд бо лаҳҷа суҳбат карданӣ мешудам, ҳамсуҳбатам – марди зиёинамо – пайваста бо забони адабӣ ҳарф зада, маро дар ҳайрат ва, гузашта аз ин, дар хиҷолат мегузошт.