Арманистон ва Озарбойҷон аз омодагӣ ба гуфтушуниди сулҳ паём доданд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев аз Русия, ИМА ва Фаронса даъват кард, ки талошҳо барои ҳалли низоъ дар атрофи минтақаи баҳсбарангези Кӯҳистони Қарабоғи Озарбойҷонро идома диҳанд. Изҳороти Алиев дар мусоҳиба бо телевизиони “Алҷазира” рӯзи 3 октябр як рӯз баъд аз он садо дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Арманистон аз даъвати Гурӯҳи Минск ба ҳалли сулҳомези муноқиша истиқбол кард. Ҳамчунин рӯзи 2 октябр Арманистон изҳор намуд, ки омодааст аз талошҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба созмондиҳии музокироти сулҳ ҳимоят кунад. Читать дальше...