Қазоқистон ваксинаи зидди коронавирус истеҳсол мекунад
Дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон бо харҷи 7 миллиард танга (16,5 млн доллар) корхонаи истеҳсоли ваксинаи қазоқии зидди коронавирус бунёд карда мешавад. Мақомоти қазоқ мегӯянд, истеҳсоли ваксина моҳи марти соли оянда оғоз мешавад. "То охири соли равон тамоми корҳои сохтмонӣ ба поён мерасад. Моҳҳои январу феврали соли 2021 васлкунии таҷҳизотҳо анҷом хоҳад шуд. Тибқи нақша, моҳи марти соли оянда, ки қарор аст марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ ба поён бирасад, истеҳсоли ваксина оғоз мешавад", - изҳор дошт раиси вилояти Ҷамбил Бердибек Сапарбоев. Читать дальше...