Трамп 15 нафар, аз ҷумла 2 ширкатдори қазияи муомилаҳо бо Русияро афв кард
Президент Доналд Трамп амри афви 15 нафарро имзо кард, ки дар миёни онҳо ду конгрессмени собиқи ҷумҳурихоҳ ва ду нафари дигаре ҳам ҳастанд, ки барои дурӯғ гуфтан ба муфаттишон дар бораи муомилаҳо бо Русия гунаҳгор дониста шуданд. Трамп инчунин ҳукми 5 нафари дигарро сабуктар кард. Дар миёни афвшудаҳо Ҷорҷ Пападополус, собиқ ёвари тими таблиғотии Трамп аст, ки соли 2017 ҳангоми тафтиши парвандаи мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и Амрико ба муфаттишони Бюрои федеролии тафтишот дурӯғ гуфта буд. Читать дальше...