Эрон сӯзишворие истеҳсол мекунад, ки дар силоҳи ҳастаӣ истифода мешавад
Эрон корҳои илмӣ-пажуҳишии коркарди навъи нави сӯзишворӣ барои реактори таҳқиқотиро шуруъ кардааст. Дар ин бора сафири Эрон Козим Ғарибободӣ дар саҳифаи Твиттер хабар додааст. Ҷараёни корҳои мазкур аз се марҳила иборат аст, ки дар марҳилаи аввал "урани филизӣ бо истифода аз урани табиӣ таҳия мешавад", гуфтааст сафир. Ба гуфтаи вай, Теҳрон Оҷонси байналхалқии неруи атомиро дар бораи ин иқдомаш огаҳ кардааст. Урани филизиро метавон, дар сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода кард, хабар доданд дар Оҷонси неруи атомӣ. Читать дальше...