Бонки ҷаҳонӣ: Дар Тоҷикистон бекорӣ 5 баробар бештар аз омори расмӣ аст
Бонки ҷаҳонӣ бо истифода аз модели ҳисоби Созмони ҷаҳонии кор, сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистонро 10,9 дарсад ҳисоб кардааст. Ин панҷ маротиба бештар аз омори расмии ифшокардаи мақомоти тоҷик мебошад. Бинобар рақамҳои расмии Оҷонсии омор сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон дар соли 2020 - 2,1 дарсад будааст. Ба гуфтаи оҷонсӣ, шумори бекороне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, наздики 52 ҳазор нафар мебошанд. Тақрибан нисфи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аммо ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, шумори бекорон дар Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор нафар мебошад. Читать дальше...