Мактабҳову боғчаҳои Бишкек ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд
Шуруъ аз 12-уми апрел дар боғчаҳову мактабҳои миёнаи шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуотии шаҳрдории Бишкек хабар доданд. Ин тасмимро комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулоддаи беҳдоштӣ бо назардошти вазъи шадиди беҳдоштӣ гирифтааст. "Дар ҳафтаҳои охир дар шаҳр афзоиши гирифторони COVID-19 ва илтиҳоб мушоҳида мешавад. Барои ҳифзи тандурустии кӯдакон, волидон ва омӯзгорон тасмим гирифта шуд, ки таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда шавад",-хабар доданд аз шаҳрдории Бишкек. Читать дальше...