"Хабарнигорони бидуни марз" аз блогнависи қазоқ ҳимоят кард
Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз рӯзноманигорон "Хабарнигорони бидуни марз" ба ҷонибдорӣ аз Темирлан Енсебеки қазоқистонӣ - муаллифи саҳифаи ҳаҷвии Qaznews24 дар "Instragram" - садо баланд кард. Мақомоти Қазоқистон Енсебекро дар доираи парвандаи паҳнсозии иттилои бардурӯғ бозпурсӣ мекунанд. Эҳтимол дорад, ки мақомот ҳар лаҳза ӯро боздошт кунанд. "Хабарнигорони бидуни марз" аз мақомоти Қазоқистон даъват кардааст, ки "озодии суханро эҳтиром кунанд". "Ҳаҷв ҷиноят нест!" - навишта шудааст дар саҳифаи созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Читать дальше...