Воридоти барқ ба Қирғизистон манъ шудааст
Айни замон воридоти барқ ба Қирғизистон қатъ шудааст. Дар ин бора вазири энержии Қирғизистон Доскул Бекмирзоев рӯзи 15 ноябр хабар дод. Вай гуфт, дар кишварҳои ҳамсоя ба далели камбуди энержӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст. "Гуфтугӯҳо бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, ҳамоно идома доранд. Дар кишварҳои дигар низ мушкилиҳо ҷо доранд. Айни замон воридоти барқ аз хориҷ қатъ шудааст, мо аз неругоҳҳои худ барқ мегирем. Вориди барқ аз Узбекистон ба далели мушкилиҳои фаннӣ қатъ шуд. Аз Туркманистон мо шуруъ аз 1 август барқ мегирифтем... Читать дальше...