Навбат ва интизории шаҳрвандони Тоҷикистон дар маркази муҳоҷират
Яке аз корбарони Радиои Озодӣ наворе фиристод, ки таҷаммӯи зиёди муҳоҷирони тоҷик дар маркази муҳоҷират дар вилояти Новосибирскро нишон медиҳад. Ин корбари Радиои Озодӣ гуфт, ҳар рӯз даҳҳо муҳоҷир ба онҷо мераванд, то барои будубош ва кори қонунӣ дар Русия санад бигиранд. Видео рӯзи 27-уми май сабт шудааст.