Баҳси аз кор рафтани омӯзгорон дар Тоҷикистон. Вазир гуфт, "фоҷиа насозед" ВИДЕО
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон тарки соҳа кардани як қисми омӯзгоронро тасдиқ кард, аммо гуфт, "набояд аз он фоҷиа сохт". Ба иттилои расмӣ, соли гузашта танҳо аз вилояти Хатлон беш аз ду ҳазор омӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.