Дар Тоҷикистон парастор намерасад. Куҷо шудаанд? ВИДЕО
Ҳамасола 12-уми май ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамшираҳои тиб ё парасторон гиромӣ дошта мешавад. Тоҷикистон ин санаро дар ҳоле таҷлил мекунад, ки солҳои ахир хиҷрати кормандони соҳаи беҳдоштӣ бештар мешавад ва кишвар дар маҷмӯъ ба ҳазорҳо пизишку парастор ниёз дорад.