Душанберо шаҳри арзон барои зиндагии хориҷиён донистанд
Бар асоси пажӯҳиши нави "Cost of Living Survey", ки аз сӯи ширкати байналмилалии машваратии "Mercer", омода шудааст, Душанбе ҳам ба феҳрасти кишварҳое дохил шудааст, ки зиндагӣ барои хориҷиҳо дар онҳо арзон аст. Назарпурсӣ бо назардошти қурби асъор, нархи молҳои асосии истеъмолӣ, хидматрасонӣ, сатҳи таваррум ва пули иҷора миёни мутахассисоне анҷом шудааст, ки дар кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд. Ду шаҳри Туркия, Анқара ва Истанбул, дар садри даҳгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки барои кору зиндагии коргарони хориҷӣ арзон аст. Читать дальше...