Мақомот сабаби оташсӯзӣ дар "Шарқ"-и Хуҷандро таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО
Дар Хуҷанд таҳқиқи сӯхтори охири ҳафтаи гузашта дар наздикии бозори Панҷшанбе сар шудааст. Субҳи 9-уми декабр дар бинои ҶДММ-и Шарқ, ки якчанд фурушгоҳу коргоҳҳои дӯзандагӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад, сӯхтор сар зад ва зиёни калон овард. Ҳоло нисфе аз тоҷирону коргарони он бекор мондаанд.