Тарси тоҷикон аз бадномӣ пас аз ҳамлаи Крокус
Бо он ки суолҳо дар бораи даст доштани тоҷикон дар ҳамлаи “Крокус” зиёд аст, номи кишвар дар расонаҳои ҷаҳонӣ дар пайванд бо ин ҳамлаи хунин баромадву тоҷикони дигарро дар дохилу хориҷ ба изтироб овардааст. Бисёриҳо таъкид кардаанд, ки набояд дар чеҳраи ҳар тоҷик ҷинояткор дида шавад.