“Шенгени Осиёи Марказӣ” ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
![“Шенгени Осиёи Марказӣ” ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?](https://gdb.rferl.org/0CBB47C8-4E1C-4FB8-A96E-F8F62103110D_cx0_cy2_cw0_w800_h450.jpg)
Дар ҳоле ки Қазоқистону Узбекистон тарҳи "silk visa"-ро амалӣ мекунанд, Тоҷикистон вазъиятро меомӯзад. Бархе аз коршиносон бовар доранд, “Шенгени Осиёи Марказӣ” сафи сайёҳонро дар минтақа афзоиш хоҳад дод. Вале баъзеи дигар бештар шудани муҳоҷирати ғайрирасмиро сарфи назар намекунанд.