Фаъолияти пинҳонии устоҳои сартарош ва холкӯбӣ дар Ишқобод
![Фаъолияти пинҳонии устоҳои сартарош ва холкӯбӣ дар Ишқобод](https://gdb.rferl.org/53CB18FE-A480-4BAB-877F-FCC26938787D_w800_h450.jpg)
Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, сартарош ва устоҳои холкӯбӣ пас аз фишори мақомот ба фаъолияти пинҳонӣ гузаштаанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ навишт, ки бештари онҳо дар ҳоли ҳозир дар хонаҳо кор мекунанд.
Бастани кошонаву сартарошхонаҳо дар пойтахти Туркманистон охирҳои моҳи май оғоз шуд.
Соҳибони сартарошхона, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои масҳгарӣ гуфтанд, ки ба иллати дароз нашудани иҷозатномаи корашон маҷбуранд фаъолиятро қатъ кунанд. Ин марказҳо бештар дар хиёбонҳои марказии Ишқобод ҷойгир буданд.
Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳоло қарор аст, ба ҷои онҳо дӯконҳои фурӯши хӯрокворӣ ба фаъолият оғоз кунанд.
Дар пайи баста шудани сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн дар пойтахти Туркманистон, таъқиби устоҳои холкӯбӣ низ оғоз шудааст. Пулиси Ишқобод аз нимаи дувуми моҳи майи имсол ҳамаи сокинонеро, ки баданашон холкӯбӣ шудааст, дастгир ва ному маҳали зисти устоҳоро мепурсанд.