300 млн доллар. "Тоҷиксодиротбонк" саҳмияҳои худро мефурӯшад
“Тоҷиксодиротбонк” барои фурӯши 80 дарсади саҳмияҳояш харидор меҷӯяд. Ин миқдор саҳмияҳои бонкро 300 миллион доллар нарх гузоштаанд. Эълони фурӯши саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо – “Тоҷинвест” – нашр кард.