Сафари Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон ба Бадахшон
![Сафари Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон ба Бадахшон](https://gdb.rferl.org/BA15FF71-24DE-4AF5-85A8-AEB631764C72_cx23_cy12_cw77_w800_h450.jpg)
Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон, писари хурдии раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, дар шаҳри Хоруғ -- маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сӯи мақомот ва сокинон истиқбол шуд. Шоҳзода Алӣ Оғохон рӯзи 25-уми ба Бадахшон сафар намуд.
Ба гуфтаи дафтари матбуоти раиси шаҳри Хоруғ, дар чаҳорчӯбаи сафари худ Шоҳзода Алӣ Оғохон аз маркази тиббии Оғохон, ҷамоатхона ва маркази исмоилия дидан намудааст. Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон рӯзи 25-уми июн бо раҳбарияти Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков ва Боғи наботои шинос шудааст.
Ӯ ҳамчунин аз нигораҳои осорхонаи боғ ва мусаввараҳои Парки миллии Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои дастии мардуми кӯҳистон дидан кардааст. Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон ҳамчунин дар Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ бо раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дидор кардааст.
Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони 4 чаҳор фарзанд бо номҳои Заҳро, Раҳим Оғохон, Ҳусейн Оғохон ва Али Муҳаммад Оғохон доранд. Ин нахустин сафари Алӣ Муҳаммад Оғохон ба Тоҷикистон аст. Қарор аст Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон бо сокинони бархе аз ноҳияҳои вилоят низ мулоқот кунад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва аксарияти онҳо пайрави мазҳаби исмоилӣ мебошад. Ҳамасола пайравони мазҳаби исмоилӣ ҷашни алмосӣ ё солгарди ба тахти имомат нишастани Шоҳзода Карим Оғохони IV - чиҳилу нӯҳумин пешвои рӯҳонии худро таҷлил мекунанд.