Сафари Залмай Халилзод ба Тоҷикистон
![Сафари Залмай Халилзод ба Тоҷикистон](https://gdb.rferl.org/BDEE7B13-6CE7-4945-9742-5EDD3DB5E8F6_w800_h450.jpg)
Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон шоми 26-уми июн вориди Тоҷикистон шудааст. Қарор аст оқои Халилзод бо мақомоти тоҷик дидору гуфтугӯ кунад.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Залмай Халилзод мулоқот хоҳад кард.
Ҷузъиёти бештари сафари Залмай Халилзода ба Тоҷикистон феълан маълум нест.
Залмай Халилзод собиқ сафири Амрико дар Афғонистон ва Ироқ, моҳи сентябри соли гузашта роҳбари тими махсуси Департаменти давлатии ИМА дар умури гуфтушуниди сулҳу оштӣ бо Толибон таъин гардид.
Залмай Халилзод то имрӯз дар Қатар бо гурӯҳи "Толибон" шаш даври музокироти сулҳи Афғонистонро гузарондааст. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик даври дигари ин гуфтугӯҳо оғоз шавад.