Аз Толибон хостанд, ҷангро бас кунанд
Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 12-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, чаҳор кишвар “ҳамаи тарафҳоро ташвиқ карданд, ки барои коҳиши хушунат қадам бардоранд, то ба созиши оташбаси фарогир ва доимӣ ва музокироти байнулафғонӣ бирасанд.”
Чаҳор кишвар ҳамчунин хостори музокироти мустақим байни Толибон, ҳукумати Афғонистон ва дигар афғонҳо шудаанд, то чаҳорчӯби сулҳ ҳарчӣ зудтар ҳосил шавад. Рӯзи 9-уми июл Толибону дигар намояндагони ҷомеаи мадании Афғонистон аз ҷумла мақомоти расмӣ дар Қатар нақшаи ҳалли сиёсии муноқиша ҷанг дар Афғонистонро таҳия карданд, ки қадами муҳиме барои поён додан ба ҷанг арзёбӣ мешавад.