S-400 бӯҳрон байни Туркияву Амрикоро наздик кард
Бо вуҷуди мухолифатҳо, аз ҳукумати Амрико вокунише то ба ҳол нарасидааст ва нишасти хабариеро, ки қарор буд, 12 -уми июл баргузор шавад, то замони номаълум ба таъхир андохтаанд. Марк Эспер, вазири муваққати дифои Амрико дар ин бора бо Ҳулусӣ Акар, вазири дифои Туркия ним соат телефонӣ сӯҳбат кардааст, вале Пентагон ҷузъиёти ин гуфтӯгуро нашр накард.
Айни замон вазорати дифои Туркия хабар дод, Ҳулусӣ Акар ба «ҳамтои амрикоии худ гуфтааст, ки ба Туркия хатари ҷиддии ҳавоӣ ва мушакӣ таҳдид мекунад ва хариди системаи S-400 як зарурат аст.» Амрико мегӯяд, ин системаи пешрафта мумкин аст, хосиятҳои ниҳонии ҳавопаймоҳои ҷангии F-35-ро ки Туркия аз Амрико харидааст, маълум ва онро осебпазир кунад.