Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков ба ҳусни ҳамсоядорӣ даъват карданд
![Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков ба ҳусни ҳамсоядорӣ даъват карданд](https://gdb.rferl.org/B09470C0-DCD8-458F-9AA4-04A9654BAD20_w800_h450.jpg)
Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон субҳи 26-уми июл дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардум мулоқот намуда ва аз сокинон даъват намуданд, ки муросо намуда ва иззати ҳамсоядориро ҳифз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков субҳи ҷумъа ба минтақаи марзии Ворух-Оқсой расиданд.