Тоҷикистон ҷустуҷӯи байналмилалии як шаҳрванди Чехияро талаб кард
![Тоҷикистон ҷустуҷӯи байналмилалии як шаҳрванди Чехияро талаб кард](https://gdb.rferl.org/F2D911E0-E2D3-450E-ADA5-82E8234AA436_w800_h450.jpg)
Мақомоти Тоҷикистон як шаҳрванди Чехияро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додаанд. Ватслав Скоҳоутил ба он муттаҳам аст, ки бо баҳонаи додани ҷойи кор дар корхонаи мошинбарории "Шкода" беш аз 80 сокини Тоҷикистонро "фиреб додааст". Вале назари ӯ ва вакили мудофеаш ба ин масъала рӯшан нест.