Ҷароҳати камаш 95 кас дар таркиши Кобул
Гуруҳи ҷангҷӯи «Толибон» масъулияти ташкили таркиш дар қисмати ғарби Кобул пойтахти Афғонистонро бар душ гирифт. Субҳи чоршанбе 7-уми август мошини пур аз маводи мунфаҷира дар наздикии идораи полис таркид. Бинобар иттилои охирин 95 нафар дар ин инфиҷор маҷруҳ шуданд.