Алмосбек Отамбоев боздошт шуд. ВИДЕО
Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 8 август ва дар рӯзи дувуми амалиёти нирӯҳои амниятиву пулис боздошт шудааст. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд ва дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва 52 нафар захмӣ шуданд. Президент Ҷеенбеков ва Отамбоев якдигарро масъули ин вазъ номиданд.