"Бӯсу канор манъ аст!", "Арӯс" даркор"? Ду равиши нави таксиронҳои Душанбе
Бархе аз ронандаҳои таксӣ дар Душанбе бо насби огоҳӣ дар дохили мошини худ бӯсу канор ва дигар муносибатҳои маҳрамона барои мусофиронашонро манъ карданд. Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бархе аз ин тасмим тарафдорӣ мекунанд, вале бархеи дигар онро хилоф ба меъёрҳои як ҷомеаи демократӣ меноманд.