Зариф шарти Эрон барои музокира бо Арабистони Саудиро эълон кард
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбеи 8-уми октябр аз тамоюли кишвараш ба музокира бо Арабистони Саудӣ барои ҳаллу фасли масоили минтақаи сухан гуфт, аммо айни ҳол таъкид намуд, ки Риёз бояд "куштани мардум"-ро қатъ кунад.
Арабистони Саудӣ, ки дар Яман бо шиаиёни гурӯҳи Ҳусӣ даргири ҷанг аст, Эронро масъули ҳамлаҳои моҳҳои гузашта ба муассисаҳои нафтии ин кишвар медонад. Аммо Эрон ҳамеша ин иттиҳомотро радд мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Арабистони Саудӣ эълом кардааст, ки роҳи ҳалли сиёсиро бар рӯёрӯии низомӣ бо Эрон, тарҷеҳ медиҳад. Арабистони Саудӣ дар вокуниш ба ин тамоюли Риёз изҳор дошт, ки "вазорати умури хориҷии Эрон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягони худ барои амнияти минтақа аст ва ин мавзеъро ба таври расмӣ низ эълом кардаем".
Як мақоми ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта ин гуфтаи мақомоти эрониро, ки Риёз паёмҳое аз тариқи раҳбарони дигари кишварҳо барои Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон фиристода аст, рад кард ва онро "ғайри дақиқ" хонд.
Одил Ал-Ҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, "он кишваре ба коҳиши танишҳо дар минтақа оғоз кунад, ки танишҳоро афзоиш медиҳад".
Ҳусиҳои Яман, ки гуфта мешавад аз ҳимояти Эрон бархӯрдоранд, масъулияти ҳамла ба муассисаҳои нафтии Арабистони Саудиро пазируфтанд. Аммо Риёз ин иддаоро радд мекунад.
Ҳусиҳо моҳи гузашта пешниҳод карданд, агар Арабистони Саудӣ муттаҳидонаш ҳамлаҳои низомии худро поён диҳанд, онҳо низ ҳамлаҳои мушакии худро ба шаҳрҳои Арабистон қатъ хоҳанд кард. Валиаҳди Арабистони Саудӣ эълом кардааст, ки ба ин пешниҳод бо нигоҳи мусбат менигарад.