Мы в Telegram
Добавить новость
World News in Tajik



Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Ёриҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро аз фақр нараҳонд. Чаро?

Тоҷикистон ба унвони як кишвари дар ҳоли рушд дарёфти ёриҳо аз шарикони рушдро идома медиҳад. Бо вуҷуди ин сатҳи фақр ва мушкилот дар иқтисоди кишвар ба таври қобили мулоҳиза боқӣ мемонанд.

Ёрии навбатӣ

Бонки осиёии Рушд аз соли 2020 то 2022 барнома дорад, ки ба Тоҷикистон 404 млн доллар барои  мусоидат ба ҳали чолишҳо ва ниёзмандиҳои кишвар ихтисос бидиҳад. Дар иттилоияи расмии БОР гуфта мешавад, ки андозаи ниҳоии ёрӣ бастагӣ ба дастрас будани  маблағҳои  ин бонк ва омодагии тарҳҳо, ҳамчунин эҳтимоли шарик шудан ва маблағгузории муштарак аз сӯйи созмонҳои дигар дорад. Ба ҷуз тарҳҳо ба бахши давлатӣ, БОР қасд дорад, имконияти сармоягузорӣ ба бахши хусусиро дар соҳаҳои тиҷорати кишоварзӣ, бахши молия ва бахшҳои диггарро баррасӣ кунад.

Дар барномаи сармоягузорӣ тарҳҳои рушди маҳоратҳои меҳнатӣ, идомаи рушди соҳаҳои энергетикӣ, бо шумули пуштибонии ислоҳот дар соҳа ва беҳтар кардани зерсохтҳо, пуштибонии рушди бахши молия, ҳимоят аз тарҳҳо дар бахши рушди гардишгарӣ, бозсозии даҳлезҳои калидии автомобилӣ, рушди зерсохтҳои шаҳрӣ, тавонмандсозии муқовимат дар баробари офатҳои табиӣ, ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва ҳамчунин беҳсозии мудирияти захираҳои обӣ ворид шудаанд.

Мувофиқи маълумоти БОР аз соли 1998 то кунун ин ниҳод барои Тоҷикистон 1,8 млрд доллар, бо шумули 1,1 млрд ба сифати бурсияҳо додааст.

"Бо ин маблағҳо зерсохтҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ беҳсозӣ шуда, рушди иҷтимоӣ пуштибонӣ гардида, тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ тавсеъа ва ҳамкориҳои минтақавӣ тақвият пайдо кардааст",--гуфта мешавад дар иттилоияи ин ниҳод.

 «6 млрд дуллор ёрӣ аз соли 1992 то 2017»

Ба ҷуз Бонки осиёии рушд, ки дар солҳои ахир сармоягузор (донор)-и асосии Тоҷикистон шудааст, дар шумори шарикони асосии Тоҷикистон ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа, Сандуқи байналмилалии пул ва ниҳодҳои дигар низ ҳастанд. Тибқи додаҳо дар соли 2015 дар раванди ёрии беруна ба Тоҷикистон 80 шарик ҷалб шудааст, ки дар шумори онҳо кишварҳову созмонҳои донор, созмонҳои байналмилалии чандҷониба ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон то кунун ҳаҷми умумии ёрии дар замони истиқлол гирифтаашро эълон накардааст. Аммо бино ба маълумоти Кумитаи ёрӣ барои рушди Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеа (СҲИТ) аз соли 1992 то 2017 ҳаҷми пулии ёрии расмӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи рушд 5 млрду 915 млн долларро ташкил медиҳад. Ба ин маблағ, тибқи ишораи манбаъ қарзҳои имтиёзнок, бурсияҳо ва дигар ёриҳои молиявӣ ҳам шомиланд.

Бо вуҷуди ин Тоҷикистон ҳанӯз дар шумори кишварҳои фақир боқӣ мондааст. Дар радабандии Сандуқи байналмилалии пул барои соли 2018 ҷумҳурӣ дар миёни 20 кишвари қашшоқтарини дунё ҷой гирифтааст. Танҳо бар асоси иттилои расмӣ ҳудуди 30% мардум зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд. Коршиносон омилҳои гуногунеро далели ин вазъ медонанд.  Бархеҳо рӯйкардҳои  номуассири донорҳои байналмилалро ном мебаранду, баъзеи дигар заъифии ниҳодҳои давлатӣ ва мушкилоти ҳалнашавандаро.

Нияти нек ва мушкилоти систематик

Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, ки шарикони Тоҷикистон ниятҳои хубе доранд, вале як қатор мушкилоте мавҷуд аст, ки монеи рушд мешаванд. Ба ин мушкилот, коршинос, бунбасти ҷуғрофиёӣ,  вобастагии иқтисод аз омилҳои берунӣ, пеш аз ҳама аз иқтисоди Русия, ноамнӣ дар Афғонистон, ки сармоягузоронро дучори тарс менамояд ва ҳамчунин мудирияти ғайримуассири равандҳо ва тақсимоти захираҳову сатҳи баланди фасод ва дар натиҷа як фазои ноҷолиби сармоягузорро дохил мекунад.  “Дар айни замон бояд ёдовар шуд, ки бештар аз 50 дар сади буҷаи ёриҳои берунӣ барои пардохти хидматрасониҳои мутахассисон, мушовирон ва таъмини дастгоҳи маъмурӣ масраф мешавад. Аз назари ман ниҳодҳое чун PIU (project implementation units)  барои иҷро кардани тарҳҳо бояд бозбинӣ ва аз сӯйи донроҳо ва ҳам аз сӯйи давлат беҳинасозӣ шаванд ”,-таъкид менамояд Сафаров.

Ӯ мегӯяд, ки донорҳо мушкилоти кишварро меомӯзанд ва дарк мекунанд ва саҳми бисёр зарурии худро дар рушди зерсохтҳои энергетикӣ ва роҳҳои кишвар мегузоранд.

Як манбаъи Радиои Озодӣ, мутахассиси яке аз созмонҳои байналмилалӣ, ки бо донорҳо кор мекунад, дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки қисми бештари маблағҳое, ки аз донорҳои бузург ворид мешаванд, ба ниҳодҳои давлатӣ мераванд, ки дар ин ниҳодҳо ба сабаби  сатҳи баланди бюрократия ва пойин будани гузоришдиҳӣ самаранокии онҳоро дунболагирӣ кардан мураккаб аст.

“Донорҳо пуштибонӣ мекунанд ва аксаран ин ёриҳоро ироа менамоянд. Давлат бояд нақши раҳбарикунандаро ба дӯши худ бигирад, вале аз он ҷо, ки ниҳодҳои давлатӣ заъифанд, ҳамин ки ёрии бурсиявӣ тамом шуд, мушкил дубора боз мегардад”,--мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба сифати намуна ӯ соҳаи тандурустиро мисол мезанад, ки он ҷо аз ҳисоби бурсияҳо таҷҳизот харида мешавад, мутахассисон омӯзонида мешаванд, вале дар ниҳоят давлат имконе пайдо намекунад, ки бо ин таҳҷизот хидмат бирасонад ва мутахассионро маош бидиҳад.

 «Тоҷикистон аз тавсияҳо сарпечӣ мекунад»

Саҳми молии шарикон дар рушди Тоҷикистон, тақрибан ҳама самтҳо, аз зерсохтҳои роҳҳову энергетикӣ гирифта то соҳаҳои маориф, тандурустӣ, амният, бахши кишоварзӣ, дастгирии будҷа ва ғайраро фаро мегирад. Сиёсати давлатӣ дар бахши ёрии берунӣ бо истротежиҳои миллӣ таъин карда мешавад, ки барои давраҳои миёнамуддат ва дарозмуддат пазируфта мешаванд. Иҷро кардани Стратегияи миллии рушди то соли 2030 –и барҳоли Тоҷикистон 118,1 млрд долларро талаб мекунад, ки ба назари таҳиякунандагони он қисми бештари он аз ҳисоби бурсияҳо ва қарзҳо ҷалб карда мешавад. Вале ҷалби қарзҳо ва бурсияҳо бештар бо такя ба тавсияҳои ниҳодҳои молиявӣ сурат мегирад, ки барои Душанбе бисёр хушоянд нестанд.

Мушкилот бо шарикон

Ин як мушкили асосӣ дар равобити ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва Душанбеи расмӣ гардидааст. Моҳи январи соли ҷорӣ Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёи рушд додани 200 млн доллар барои дастгирии будҷаро то замоне, ки ҷумҳурӣ ба тавофуқоте, ки Сандуқи байналмилалии пул кардааст даст наёбад, ба таъвиқ андохтанд. Дар натиҷа зарурат шуд, ки касри буҷаро аз ҳисоби ҷаримаҳо ва пеняҳо, ки дар натиҷаи тафтиши саҳроии  тиҷоратҳо ҷамъоварӣ шуданд, пӯшонида шавад.

Ҳанӯз аз соли 2015 Тоҷикистон бо Сандуки байналмилалии пул дар мавриди дарёфти қарзи боимтиёз дар ҳаҷми 300 млн доллар гуфтушунид дорад. Вале тавофуқ ҳосил нашудааст, зеро ҷониби Тоҷикистон тавсияҳои ин ниҳодро дар бахши ислоҳоти соҳаи бонкдорӣ ва пардохти қарзҳои ниҳодҳои давлатӣ намепазирад. 4 тавсияи ахири ин ниҳод ҳам ба ислоҳот дар ҳамин замина рабт доранд. Пойгоҳи “Eurasianet” менависад, ки донорҳо ба ҷиддияти ваъдаҳои ҳукумат дар самти ислоҳоти иқтисод шубҳа доранд. Ва талаботи асосии барои онҳо барқарор кардани равобити танготанги Душанбе бо Сандуки Байналмилиалии Пул мебошад, ки  имконияти бештари баҳогузории сиёсати иқтисодии гирандаи ёриҳоро фароҳам мекунад.

Шореҳи иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки  Тоҷикистон ба пуштибонии шарикон ниёз дорад, зеро мустақилона ҳатто наметавонад будҷаро бипӯшонад. Вале бар асари ноустувории иқтисод ва истеҳсолот захираҳои молии қобили таваҷҷуҳеро, ки ба кишвар ворид мешаванд аз даст медиҳад.

“Ҳар қадаре, ки ёрӣ накунанд аз ин фоида нест. Дар сол мо бештар аз 3 млрд доллар маҳсулот ворид мекунем, дар ҳоле ки ҳамагӣ чанд  миллион содирот дорем. Худ тасаввур кунед, ки дар солҳои истиқлол чӣ қадар пул аз кишвар рафтааст.  Бо чунин раванд ҳеч гуна пешрафтеро мунтазир шудан нашояд”,-таъкид мекунад коршинос.

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

30 лет назад в Архангельске открылась первая на Северо-Западе школа «Диабет»



Мода

Магазин "Стильпарк" в новой концепции открылся в Москве






Новости 24 часа

Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНЯТЬ!



Game News

Age of Sail: Navy & Pirates 1.0.1.13



Москва

Зачем Сталин велел делать авто без крыши и что из этого вышло



News Every Day

America’s Space Infrastructure: So Vulnerable It Destabilizes Geopolitics



Настроение

Северные ночи...



Москва

Исторический фестиваль "Времена и эпохи" проходит в Москве



Фёдор Шаляпин

«Всю жизнь я зарабатывал пением и… легким аферизмом». Прохор Шаляпин раскрыл источники дохода в шоу «Вкусно с Анфисой Чеховой» на ТВ-3



Москва

В Москве на МКАД столкнулись пять автомобилей



Елена Рыбакина

Елена Рыбакина «заменила» Геннадия Головкина



Москва

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу



Metallica

Группа Metallica даст виртуальный концерт в Fortnite 22 июня



Симферополь

Севастополь появился на вышитой карте Крыма



Москва

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»



Москва

Созданный нейросетью Собянин выманил у заслуженного врача РФ 4 млн рублей



Москва

Совместное заявление участников круглого стола, приуроченного ко «Дню защиты прав безвинно осужденных»



103news.com — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 103news.com.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.

Другие популярные новости дня сегодня


Новости 24/7 Все города России





Топ 10 новостей последнего часа




Новости России

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу

Москвичей пригласили понаблюдать за битвой за Пантикапей

Зачем Сталин велел делать авто без крыши и что из этого вышло

Россети опубликовали график планового отключения электричества в Чите


Москва

Рубена Варданяна в бакинской тюрьме заставляли долго стоять, его лишали воды, ему не разрешали мыться и менять белье и одежду






Rss.plus

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»

Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНЯТЬ!

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Свыше 5,2 миллиона жителей Московского региона получают набор социальных услуг в натуральном виде

Moscow.media
Москва

Собянин: Более пяти тысяч семей в СВАО получили новые квартиры по реновации



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Фёдор Шаляпин

«Всю жизнь я зарабатывал пением и… легким аферизмом». Прохор Шаляпин раскрыл источники дохода в шоу «Вкусно с Анфисой Чеховой» на ТВ-3




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ЕВРО-2024: большой футбол ждет слушателей «Авторадио»

«Этот спорт воспитывает силу и упорство»: Вице-спикер Народного Хурала Бурятии приняла участие в открытии чемпионата России по гиревому спорту

В Москве вручили премию МУЗ-ТВ — 2024


WTA

Самсонова вышла в четвертьфинал турнира WTA в Хертогенбосе



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Саратове электросамокатчик сбил коляску с младенцем



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России