Ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия сахттар шуд
Думаи Давлатии Русия рӯзи 15-уми октябр қонунеро тасвиб кард, ки ҷавобгариро барои миёнравӣ дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар мекунад. Созмонҳои миллатгаро дар Русия борҳо ба тарафдорӣ аз шадид шудани муҷозот барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ садо баланд кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, қонуни нав бештар онҳо ва намояндагони ҷамъиятҳоро ҳадаф қарор медиҳад.