Марзбони кушташуда дар ҳамла ба "Султонобод"-ро дафн карданд. АКС
Иззатулло Латифов, яке аз қурбониёни ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро дар шаҳри Душанбе дафн карданд. Дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба ин дидбонгоҳ, ки мақомот кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ донистанд, як марзбон ва як милиса кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, дар ин ҳодиса 15 ҳамлаварро кушта, панҷ тани дигарро дастгир кардаанд. Манобеъ мегӯянд, дар миёни онҳо занон низ ҳастанд. Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" то ба ҳол масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Маросими ҷанозаи Иззатулло Латифов, марзбоне, ки дар ин ҳамла ҷон бохт, субҳи 7-уми ноябр дар масҷиди маҳаллаи "Қазоқон"-и Душанбе баргузор шуд. Ҷасади ӯро дар оромгоҳи ҳамин маҳалла ба хок супурданд.
Ба қавли ҳамсояҳо, Иззатулло 25-сола буд ва рутбаи пропоршик дошт. Вай баъд аз анҷоми хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳамчун афсари қарордодӣ дар қисми марзбонии "Султонобод" кор мекардааст. Барои видоъ бо ӯ ҳамкоронаш низ омада буданд.
Иззатулло Латифов дар хонаводаи рӯҳонӣ бузург шуда, ба гуфтаи ҳамсояҳояш, қории Қуръон ҳам буд. Падари ӯ Абубакр Латифов яке аз аъзои даҳнафарии муассисони масҷиди "Қазоқон" будааст. Ҳамсояҳояш аз ӯ як ҷавони боодоб тавсиф карданд. Вай се моҳ пеш издивоҷ карда будааст.
Абубакр Латифов баъди дафни писараш гуфт, орзу дошт фарзандаш афсар шавад. Иззатулло писари дувумаш будааст.
Ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод", воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бино бар хабари ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ, соати 03:23-и субҳи 6-уми ноябр сурат гирифт ва дар он 17 нафар, аз ҷумла як марзбон ва як корманди милиса кушта шуданд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, 5 ҳамлаварро дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи боздоштшудаҳоро 4 нафар гуфт.
Дар ҳамла ба дидбонгоҳи “Султонобод” ба ҷуз аз Иззатулло Латифов, як маъмури милиса ҳам кушта шуд. Афсари ҳалокшудаи милиса нозири минтақавии ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ Баҳром Қосимзода будааст. Баҳром Қосимзодаро баъд аз зӯҳри 6-уми ноябр дафн карданд.
Маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар хабарномае гуфт, ҳамлаварон шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома гуфт, ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст.
Баъди ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат мегирад. Дар он моҳ чаҳор дучархасавор кушта шуданд ва гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти террорро бар ӯҳда гирифт.