"Қорӣ ишкамба" ба Русия рафт ва бо ҷоиза баргашт
![](https://gdb.rferl.org/5f50a977-c2f0-47d9-9f51-376267483fde_tv_w800_h450.jpg)
Ҳунармандони театри мусиқӣ - драмавии шаҳри Конибодом намоишномаи "Қорӣ ишкамба"-ро ба Русия бурданд. Ин намоишнома дар шаҳри Нижневартовск бо забони русӣ ба саҳна гузошта шуд ва дар ҷашнвораи "Дидори шимолӣ" соҳиби ҷоиза низ шуд.