Ба тавофи Каъба рафтанӣ буд, ба ҳавопаймо роҳаш надоданд
Даҳҳо сокини Тоҷикистонро, ки нияти ҳаҷҷи умра доштанд, аз дохили ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гардондаанд. Мақомот мегӯянд, роҳбаладон иҷозаи расмии Кумитаи динро надоштанд. Сокинон мепурсанд, ки агар мушкил сари роҳбаладон аст, чаро нагузоштанд, ки онҳо ба Арабистони Саудӣ бираванд.