Халилзод бо Ғанӣ "созиши ниҳоӣ бо Толибонро" матраҳ кард
Мақомот гуфтанд, ки фиристодаи вижаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод рӯзи 18 декабр бо президент Ашраф Ғанӣ барои “баррасии созиши ниҳоӣ бо Толибон” дидору гуфтугӯ кард. Ин гурӯҳи ҷангҷӯ дар Афғонистон бо нирӯҳои ҳукуматӣ, сарбозони ИМА ва НАТО меҷангад. Моҳи гузашта Вашингтон музокираҳо бо Толибонро дар мавзӯи имкони берункашии нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон азсар гирифт. Ин музокираҳо бо як қарори президенти ИМА Доналд Трамп дар моҳи сентябр дар пасманзари афзоиши хушунатҳо ногаҳон қатъ шуд. Франс Пресс гуфт, Ашраф Ғанӣ дар мулоқот бо Халилзод гуфт, ки президенти Афғонистон “аз идомаи хушунатҳое, ки бо дасти Толибон рух медиҳад, нигарон аст” ва гуфтааст, ки мардуми Афғонистон “сазовори сулҳи пойдор аст”. Толибон ширкати намояндагони ҳукумати марказии Афғонистонро дар музокирот намехоҳанд ва мегӯянд, ки онҳо “лӯхтаки” Амрико ҳастанд.
Дар Афғонистон феълан 12 то 13 ҳазор сарбози амрикоӣ мустақар аст ва интизор меравад, ки шумори онҳо то 4 ҳазор нафар коҳиш дода мешавад. Вазири дифои ИМА Марк Эспер дар изҳороти рӯзи 15 декабр гуфт, ки ӯ дар талоши хуруҷи нирӯҳо аст ва муҳим нест, ки созиши сулҳ баста мешавад ё на.