Навалний: полис маро кашола карда берун бурд
Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний гуфт, афсарони полис, ки барои таҳқиқи идораи Бунёди зидди коррупсияи дар шаҳри Маскав омада буданд, ӯро аз дохили дифтар "кашола карда берун бурданд". Ӯ баъдан дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: "Охирин хабар: ҳеҷ кас боздошт нашуд. Онҳо маро аз дохили дафтар кашола карда берун бурданд". Изҳороти Навалний баъди он нашр шуд, ки сухангӯи Бунёди зидди коррупсия дар як изҳороташ Кремлинро дар он гунаҳгор кард, ки ин мухолифин ҳукуматро "бо зӯр боздошт карда берун мебаранд".
Наворҳои видеоӣ саҳнаи берун бурда шудани сиёсатмадори мунаққиди ҳукуматро намоиш доданд.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки рӯзи 23 декабр як раҳбари барномаии Бунёди зидди коррупсия барои хидмати ҳатмии сарбозӣ ба минтақаи Арктика фиристода шуд.
Руслан Шаведдинови 23-сола дар хонааш дар Маскав дастгир шуд ва ҳамон замон ба шаҳраки Новая Земля, ки дар 5600-километрии шаҳри Маскав ҷойгир аст, барои хидмат дар пойгоҳи дифоии уқёнуси Қутби Шимол фиристода шуд. Навалний дар ин бора рӯзи 24 декабр хабар ёфт. Навалний мақомоти Кремлинро дар он гунаҳгор кард, ки раҳбари барномаии ниҳоди ӯро боздошт ва ба минтақаи дур барои хидмати сарбозӣ фиристод.