Анди – нахустин ҳунарманди эронии дорои ситораи тилоӣ дар хиёбони машҳури Hollywood
Анди Мададиён, овозхони шинохта, рӯзи 17-уми январи имсол нахустин ҳунарманди эронӣ шуд, ки номашро дар гузари ситораҳои Ҳолливуд бо хатти заррин навиштаанд. Ӯ дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад.
Пиёдароҳи ситораҳои Ҳолливуд ба номи ҳунармандони филму телевизион, радио, театр ва мусиқии Амрико ва ҷаҳон беш аз 3600 ситора дорад. Ба навиштаи Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, "Андӣ дар миёни ҳунармандони эронӣ пешқадами дорандагони ин ситораи тилоӣ аст".
Маросими рӯнамоӣ аз ситори тилоии Анди бо ширкати ҳунармандон, дӯстдорон ва наздикони ин хонанда баргузор шуд. Хоҳари овозхони пуровоза Майкл Ҷексон, ки дар соли 2016 таронаи "Бояд бир(ав)ем ба Теҳрон"-ро бо Анди якҷо иҷро карда ва видеояш беш аз даҳ миллион бинанда доштааст, дар ин маросим иштирок дошт.
Анди дар суханронии кӯтоҳ ба форсӣ таъкид кард, ки бо вуҷуди 41 соли зиндагӣ дур аз ватан номи зодгоҳаш аз забонаш наафтодааст. Вай дар ҳоле ки маросим аз шабакаҳои амрикоӣ ва ба вижа расонаҳои Ҳолливуд ба таври зинда пахш мешуд, ба англисӣ гуфт, "ин ситора мутааллиқ ба ҳамаи эрониҳо, амрикоиҳо ва арманиҳост". Ӯ ба дӯстии мардуми Эрону Амрико таъкид кард.
Андии 61-сола зодаи Теҳрон аст ва то замони инқилоби исломӣ дар ҳайати гуруҳҳои ҷавонон оҳанг менавохт ва ба англисӣ тарона мехонд. Вай баъд аз инқилоб дар Амрико зиндагӣ ва кор мекунад.
Анди дар Тоҷикистону Афғонистон бисёр машҳур аст ва ба Тоҷикистон чанд дафъа бо барномаҳои ҳунарӣ омада буд. Маҳбубияти ӯ дар Арманистон низ чашмгир будааст.