Як зодаи Қирғизистон бо иттиҳоми таҳдид ба Путин боздошт шуд
Додгоҳе дар шаҳри Санк-Петербурги Русия як зодаи Қирғизистонро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Зодаи Қирғизистон дар кашидани расме, ки ба сӯиқасд ба ҷони президенти Русия Владимир Путин даъват мекунад, гумонбар мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ дод.
Боздоштшудаи 22-сола дар содир кардани ҷиноятҳои "Тахрибкорӣ" ва "Даъват ба содир кардани фаъолияти террористӣ" гумонбар мешавад.
"Тафтишот муайян кард, ки шахси номаълуме бо қасди содир кардани даъвати оммавӣ ба амалисозии фаъолияти террористӣ, тавассути Интернет бо шахсе ба номи П. забон як карда, ба дувумӣ пешниҳод намудааст, ки дар ивази 5 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 750 сомонӣ) акси президенти Русияро бо навиштаҷоти "Дидед - бизанед" омода кунад. Баъди омода шудани акс нусхаҳои онро дар биноҳои шаҳри Петербург овезад",-менависад хабаргузорӣ.
Ба иттилои хабаргузорӣ, рӯзи 27-уми январ ҳаммаслакон нусхаи аксро дар шаш бино овехтаанд. Гумонбар иштирокашро дар ин моҷаро эътироф намекунад. Додгоҳ қарор кард, ки гумонбар то 27-уми март дар боздошт боқӣ монад.
Ба иттилои расонаҳо, ҳар ду гумонбари ин парванда зодаи Қирғизистон ҳастанд.